Дар шаҳри Теҳрон иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Август 26, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 августи соли 2024 бо  мақсади муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «TajikistanIran Roadshow» чорабинии сайёҳӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, намояндагони Вазорати мероси фарҳангӣ ва сайёҳии Эрон, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва зиёда аз 150 корманди субъектҳои хизматрасон дар соҳаи сайёҳии кишвари мизбон иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ доир ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконоту тавонмандиҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассалро ироа намуд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати амну осоишта буда, дар он барои қабули сайёҳон тамоми имконият фароҳам оварда шудааст.


Мушовири вазир ва мудири Идораи байналмилалии Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии Эрон Муҳаммад Қосимӣ ва роҳбарони ширкатҳои бузурги сайёҳии эронӣ бо қаноатмандӣ аз сатҳи робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвар омодагии фаъолони ҳавзаи гардишгарии Эронро барои густариши бештари ҳамкориҳо, табодули таҷриба миёни мутахассисон ва баргузории чорабиниҳои муштарак изҳор намуданд.

Ба иттилои Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Трэвел» Умедҷон Саидзода, ба иштирокдорон дар бораи бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳӣ, табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ маълумот дода шуд.


«Иштироки намояндагони ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар чорабиниҳои гуногуни сайёҳӣ дар хориҷи мамлакат роҳи самараноки ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад», — гуфт ӯ.

Ҳамзамон дар бораи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба иштирокдорон видеоҳои нав намоиш дода шуданд.

Зимни чорабинӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуда, дар ҷараёни гуфтушунид байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат созишномаҳои дахлдор ба имзо расиданд.


Пас аз анҷоми чорабинӣ ба иштирокдорон армуғонҳои миллӣ ва маводи таблиғотии сайёҳӣ тақдим гардид.

Тавре қаблан иттилоъ додем, шуруъ аз 10 августи соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор гирифт.

Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.

Низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки чунин чорабинии сайёҳӣ 13 август дар шаҳри Исломобод низ баргузор шуд, ки аз рӯйи натиҷаҳои он байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Покистон 10 ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 26, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад