Дар сохтори Палатаи ҳисоб раёсат оид ба гузаронидани аудити самаранокӣ таъсис дода шуд

Август 11, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 11.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар сохтори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон раёсат оид ба гузаронидани аудити самаранокӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб иттилоъ дода шуд.

Таъсиси раёсат талаботи замони муосир буда, аудити мустақил, холисона ва дурусти чорабиниҳои ҳукуматӣ, низомҳо, амалиёт, барномаҳо, амалҳо ва созмонҳо вобаста ба муқаррар намудани мутобиқатии онҳо ба меъёрҳои сарфанокӣ, маҳсулнокӣ ва натиҷанокии фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мавҷудияти имконияти беҳтар кардани онҳо мебошад.

Инчунин Нақшаи стратегии рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2024 — 2028 бо назардошти анҷом ёфтани Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2023 дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чолишҳо ва хавфҳои нав, Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин натиҷаи баҳодиҳии мустақили берунаи сифати аудити гузаронида таҳия  ва қабул карда шуд.

Дар Стратегия Палатаи ҳисоб мақсадҳо ва вазифаҳо,  аз қабили самаранок, шаффоф ва идоракунии масъулиятноки захираҳои давлатӣ, такмили фаъолияти Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии аудит, таъмини сифати аудит ва ҳисоботи аудиторӣ дар заминаи стандартҳои касбӣ аз рӯйи принсипҳои ISSAI, таъмини рушди неруи касбӣ  ва омӯзиш, ҷорӣ намудани раванди аудитҳои мутобиқат, молиявӣ ва самаранокӣ, инчунин ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдорро ҳамчун  бартаридошта муайян намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид