Дар Суғд 5083 табиб, 17 579 корманди миёнаи тиб ва садҳо кормандони ёрирасон ба мардум содиқона хизмат мерасонанд
ДУШАНБЕ, 17.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Иди касбии табибон ҳамасола 18 август- дар рӯзи тавлиди шоир, олим, файласуфи тоҷик, табиби барҷастаи олам Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва дар арафаи омодагиҳо ба истиқболи солгарди Истиқлоли давлатии мамлакат доир гардида, аз дастоварду тозакориҳои нав ба нави соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватан паём мерасонад, иброз гардид дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар муассисаҳои тиббии вилоят 5083 табиб, 17 579 корманди миёнаи тиб ва садҳо кормандони ёрирасон ба мардуми вилоят содиқона хизмат мерасонанд. Аз онҳо 7 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 нафар дорандаи медали «Шафқат», 640 нафар дорандаи нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 6 нафар доктори илмҳои тиб, 75 нафар номзади илмҳои тиб буда, 2652 табиб соҳиби дараҷаҳои мухталифи ихтисосӣ мебошанд.
Раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки кормандони муассисаҳои тиббӣ дастовардҳоро мунтазам афзун намуда, баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи нек, бахусус бо фаро гирифтани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.
Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои баланд бардоштани сатҳу сифат, самаранокӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ пайваста афзоиш ёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба беҳдошти таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, такмил додани донишу малака ва маҳорати кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамеша ғамхорӣ мекунанд. Давлату Ҳукумат низ барои беҳдошти ин соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ғамхорӣ нисбат ба кормандони тиб бештару беҳтар гардида, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд ва таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Дар мамлакат барои нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифтории одамон ба бемориҳои сироятӣ, беҳдошти фаъолияти беморхонаву дармонгоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Маҳз бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳифзи сиҳатии омма соҳаи афзалиятнок маҳсуб шуда, аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат торафт таҳкиму густариш дода мешавад.
Бо ин мақсад дар вилоят соли 2024 барои ҳифзи сиҳатии омма, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва бо мақсади беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии муассисаҳои тиббии вилоят 806 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 134,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
Имсол сохтмон, навсозӣ ва таъмири 132 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони 27 адад ва таъмири 105 шуъбаву муассисаи табобатӣ, беморхона, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар дошта шудааст. Бо маблағгузории буҷети вилоят, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон имсол бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази саломатии шаҳри Истаравшан бо ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва Маркази хусусии урологӣ-андрологии «Микролаб» дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуданд.
Бо ҷалби ҳама намуд маблағгузорӣ ва тариқи ҳашар дар ноҳияи Ашт 3 бунгоҳи тиббӣ, дар шаҳри Истаравшан 2 маркази саломатии деҳот, дар ноҳияи Зафаробод 1 маркази саломатии деҳот ва як бунгоҳи тиббӣ сохта шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ таъмир ва сохтмони бинои муассисаҳои тандурустӣ мунтазам, тибқи нақшаи таъмир ва сохтони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо идома доранд.
Дар ҳамоиш барои меҳнати софдилона, саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ба муносибати Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ба гурӯҳи калони кормандони соҳа Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.
Ҳамзамон як зумра табибон бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






