Дар Тирмиз вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 28 августи соли 2024 дар шаҳри Тирмиз вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории назди Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ корҳои муштарак оид ба мувофиқаи гузариши хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон идома ёфтанд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.
Аз натиҷаи чорабинӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрии навбатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






