Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории Mpox тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд

Август 19, 2024 17:01

ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории Mpox (номи нави обилаи  маймун) дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Ин нуктаро сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» баён дошт.

Тавре қаблан иттилоъ додем, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи кунунии бемориро ҳолати фавқулода дар самти тандурустии ҷамъиятӣ (PHEIC) номид. Созмон дар робита ба эҳтимоли паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ дар саросари ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуд. Зеро иқтидори паҳншавии минбаъдаи Mpox дар Африқо ва берун аз он хеле ташвишовар ҳисобида шудааст.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумораи ҳодисаҳои гирифторӣ ба Mpox имсол аз нишондиҳандаҳои соли 2023 бештар буда, аз аввали сол беш аз 14 ҳазор ҳодисаи гирифторӣ ва 524 фавт сабт шудааст.

Ба гуфти нафароне, ки аз давлатҳои Африқо ё дигар давлатҳои Аврупо вориди Тоҷикистон мегарданд, аз санҷиши тиббӣ мегузаранд.

Дар Тоҷикистон барои муайян кардани ин беморӣ тест дастрас нест. Ба гуфти масъулин, нишонаҳои он мушаххас буда, бо азназаргузаронӣ мушоҳида мешаванд.

Mpox (обилаи маймун) чӣ гуна беморӣ аст?

Ин беморӣ бори аввал соли 1970 дар одамон ошкор карда шуд. Номаш ба он вобаста аст, ки 10 сол пеш олимон дар маймунҳо як бемории ба он шабеҳро кашф карда буданд.

Ҳарчанд ки ваксинаи махсус аз бемории обилаи маймун вуҷуд надорад, дар якчанд давлатҳо ваксина барои пешгирии сироят аз сурхакони одиро захира мекунанд. Он барои пешгирии сироятёбӣ аз обилаи маймун тақрибан 85 фоиз кумак мекунад, зеро ин ду вирус ба ҳам монанд ҳастанд.

Ба гуфти мутахассисон, ин сирояте аст, ки аз одам ба одам мегузарад. Он дар байни дигар аломатҳо дар шакли доғ – блистерҳои ранги сиёҳ, ки бо моеъ пур шудаанд, зоҳир мешавад. Аломатҳои он табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, васеъшавии гиреҳҳои лимфа ва хастагӣ мебошанд.

Ҳангоми ин беморӣ дар бештари маврид обилаҳо пайдо мешаванд, ки дар рӯй оғоз шуда, баъд ба дигар узвҳои бадан паҳн мешаванд.

Обилаҳо марҳилаҳои гуногунро аз сар мегузаронанд ва пеш аз он ки дар ниҳоят пӯсти нав ба вуҷуд ояд, метавонад ба бемории мурғ ё оташак монанд бошад. Бо мурури замон он тадриҷан нест мешавад ва аз ҳамон лаҳза бемор дигар сирояткунанда ҳисобида намешавад. Давраи пинҳонии он аз 6 то 16 рӯз ва баъзан то 21 рӯз давом мекунад.

Мутахассисон иброз медоранд, ки ин беморӣ аз инсон ба одами  солим тавассути тамоси зич интиқол меёбад. Интиқоли беморӣ дар байни одамон асосан тавассути қатраҳои ҳаво ё тавассути моеъҳо (оби даҳон) ба амал меояд. Азбаски қатраҳо ба масофаҳои дур паҳн шуда наметавонанд, қисми асосии сироятҳо ҳангоми тамоси наздики шахс бо одами аллакай бемор рух медиҳанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 19, 2024 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд