Дар Тоҷикистон санъати ороишии амалии ҳунармандони Қазоқистон намоиш дода мешавад

Август 20, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар шаҳри Душанбе намоиши санъати ороишии амалии ҳунармандони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар намоиш ҳунармандони Ҷумҳурии Қазоқистон санъати ороишии амалӣ, аз қабили заргарӣ, тангаҳои қиматбаҳо, либосҳои миллӣ, миёнбандҳо ва дигар ҳунарҳои қадимиро пешниҳод менамоянд.

Намоиш дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки  22 август бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад, гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ пайваста  густариш ёфта, дар пешрафту муаррифии фарҳангу ҳунари Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки 25 августи соли 2023 дар толори Театри давлатии опера ва балети «Остона Опера»- и Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз 24 то 29 августи соли 2023 дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Чимкент барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-23 август доир мешаванд, пешниҳоди барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ,  барномаи консертии ҳунарпешагони қазоқ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон ва барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар дар назар аст.

АКС аз бойгонӣ

Август 20, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд