Дар Ҷумҳурии Конго беш аз 20 ҳолати сирояти бемории обилаи маймун ошкор гардидааст
ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Конго 21 ҳолати тасдиқшудаи бемории обилаи маймун ё mpox («эмпокс», номи нави обилаи маймун) ошкор гардид. Дар ин хусус вазири тандурустӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Конго Жилбер Мококи иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Аз аввали сол дар Ҷумҳурии Конго 158 ҳолат бо гумони гирифтори ба mpox муайян карда шуда, пас аз ташхис 21 бемор сабти ном шуд», — иқтибос овардааст суханони вазирро агентии France-Presse.
Намояндаи мақомоти давлатӣ иброз намуд, ки ҳолатҳои бештари гирифторӣ ба mpox дар шимоли Ҷумҳурии Конго сабт шудаанд. Ҷумҳурии Конго бо Ҷумҳурии Демократии Конго (КДР), ки он дар айни замон маркази эпидемияи кунунии mpox дар Африқо мебошад, ҳамсарҳад аст.
Хадамоти тиббии Иттиҳоди Африқо 13 август бо сабаби паҳншавии бемории обилаи маймун дар қитъа вазъияти фавқулодаи тиббӣ эълон кард. Шумораи умумии гирифторони mpox дар қитъа дар соли 2024 ба 40 ҳазор наздик шуда, беш аз 1,4 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар 18 кишвари африқоӣ гирифторони mpox муайян карда шудаанд. 14 август Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки авҷгирии mpox дар Африқо барои солимии ҷамъиятии мавриди таваҷҷуҳи байналмилалӣ ҳолати фавқулода маҳсуб мешавад.
Mpox бемории вирусие аст, ки асосан дар манотиқи дурдасти Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ дида мешавад. Аввалин ҳодисаи гузариши ин беморӣ аз ҳайвон ба инсон соли 1970 дар Конго сабт шуда буд. Одатан мизони фавт зимни авҷгирии mpox то 10% аст. Бо вуҷуди ин аксар ҳолатҳои фавт ба гурӯҳҳои синнусолии ҷавон рост меояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






