Дар вилояти Хатлон доир ба мавсими ҷамъоварии пахта ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.20224 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони вилояти Хатлон дар 120,7 ҳазор гектар навъҳои гуногуни чигит кишт намудаанд, ки дар айни замон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд. Ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта ба чиниш расидааст. Дар ин хусус 26 август зимни ҷаласаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо масъулини вилоят иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни ҷаласа фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2024, ворид намудани ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркарди пахта ба ҳисоби оморӣ, шаклҳои дурусти андозбандӣ, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки соли 2023 аз ҷониби 63 корхонаи калони пахта 266 ҳазору 551 тонна пахта коркард шудааст.
Соли 2023 дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта дар вилоят баъзе камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва сари вақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба амал овард. Доир ба ин масъала супориш дода шуд, ки бо ташкилоти соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсоларо омӯхта, ҳал намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






