ҶДММ «Адл» ба маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ маҳсулот содирот намудааст
ДУШАНБЕ, 28.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл»-и шаҳри Истаравшан, ки ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва чанд намуд дучарха машғул аст, дар ҳафт моҳи имсол ба маблағи 8 миллиону 849 ҳазор сомонӣ маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ду баробар бештар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Корхона ба маблағи беш аз 10 миллиону 847 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2023 ду баробар зиёд мебошад.
Дар корхона 35 намуд маҳсулот, аз ҷумла 5 намуд дучарха истеҳсол мешавад. Баъди ба фаъолият оғоз намудани хати нави рангуборкунии маҳсулоти истеҳсолшаванда беш аз 30 нафар бо кор таъмин мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» бо саҳми соҳибкор Мансурҷон Умаров соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин корхона дучарха ва мошинчаҳо истеҳсол шуда, ҳаҷми маҳсулот давра ба давра зиёд мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






