Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фарзандони азиз, хонандагону донишҷӯёни муҳтарам! Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост. Шуморо дар Рӯзи дониш бори дигар даъват менамоям, ки ҳар лаҳзаи умри худро сарфи донишомӯзӣ, забономӯзӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва техникаву технологияҳои муосир намоед, то ки ворисони ҳақиқии ин марзу буми пуршарафи аҷдодӣ ва муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ бошед. Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред, аз ақлу заковат ва ҷаҳонбинии устодону омӯзгорони донишмандамон баҳра бурда, бо такя ба фарҳанги оламшумули гузаштагонамон боадаб бошед ва ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба ҷо оваред. Ин даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврасу ҷавони мамлакат аст, ки зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш – 1сентябри соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баён намуданд. АМИТ «Ховар» тасмим гирифтааст, ки аз иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд муассисаи таълимии кишвар дар Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ ёдовар шавад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола бо иштироки Президенти Тоҷикистон оғоз гардидани Дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар ҷумҳурии мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.
1 сентябри соли 2014 ифтитоҳи бинои нави панҷошёнаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Сарвари давлат дар ин рӯз дар ифтитоҳи бинои нави панҷошёнаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Пешвои миллат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки «баъди истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ ба ин донишгоҳ хеле зиёд гардид. Бинобар самимият ва ҳурмату эҳтироме, ки шахсан ба муаллим ва пешаи омӯзгор дорам, дастур додам, ки вазъи пойгоҳи таълимӣ ва техникии муассисаро омӯхта, доир ба он маълумотнома манзур намоянд».
Ба иттилои Сарвари давлат, дар натиҷа барои таъмири асосӣ ва таҳкими пояҳои моддиву техникии донишгоҳ солҳои 2006-2008 беш аз 5 милион сомонӣ ҷудо карда шуд ва қисми зиёди биноҳои таълимӣ, ки беш аз сӣ сол рӯи таъмири асосиро надида буданд, аз нав тармиму навсозӣ карда шуданд.
«Ин дар замоне буд, ки буҷети давлат ҳамагӣ 400 миллион сомониро ташкил менамуд, вале бо вуҷуди ин, мо ба хотири рушди донишгоҳ чунин қарорро қабул кардем. Баъдан ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар муддати як сол бинои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Соли 2012 барои сохтмони боз як бинои таълимӣ дастур дода шуд. Ин бино низ дар муддати ду сол ба маблағи 11 миллион сомонӣ бунёд гардид ва имрӯз мавриди истифода қарор гирифт», -тазаккур доданд Роҳбари давлат.
«Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, сифати таълим ва омодагии касбии шогирдони донишгоҳ ҳанӯз талаботи замонаи пешрафтаро қонеъ карда наметавонад. Махсусан, паст будани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат гувоҳи ин гуфтаҳост»,- изҳори нигаронӣ намуданд Пешвои миллат.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ки ҳамчун манбаи асосиву пойгоҳӣ дар самти омода намудани омӯзгорон барои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муайян шуда, вазифаи таъмини методии дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ихтисоси омӯзгориро ба дӯш дорад, вазифадор аст, ки дар ислоҳи ин камбудиҳо чораҷӯӣ намояд».
1 сентябри соли 2015 ифтитоҳи бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2015 зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва Дарси сулҳ, ки ба таҷлили 70 — солагии ин боргоҳи илм рост омадааст, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ин суханронӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «аз соли 2004 дар соҳаи маориф ислоҳот ва навсозӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот оғоз гардид ва ин раванд то ба имрӯз идома дорад. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф вазифаи сиёсӣ ва умумидавлатӣ ба ҳисоб рафта, танҳо дар доираи аҳли маориф маҳдуд намегардад ва ба дастгирии ҳамаи табақаҳои ҷомеа ниёз дорад. Ҳадафи ин раванди созанда аз он иборат аст, ки механизми рушди устувори низоми маориф фароҳам оварда шавад ва ба тақозоҳои асри ХХI мутобиқ гардонида шавад».
1 сентябри соли 2016 ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара
Дар ин рӯз пас аз ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар донишгоҳи мазкур дар Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат иброз намуданд, ки вазифаи муҳимтарине, ки имрӯз дар назди соҳаи маориф қарор дорад, мунтазам баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Зеро азхудкунии фанну ихтисосҳои алоҳида ва сатҳи дониши хатмкунандагон, яъне омодагии мутахассисони ҷавон дар доираи талабот ва стандартҳои давлатӣ беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, зарурати такмили барномаву китобҳои таълимӣ ва таҳкими салоҳиятҳои шогирду устод пеш омада, масъулонро зарур аст, ки назоратро дар ин самт пурзӯр намоянд ва доираи донишу маҳорат ва малакаи азбарнамоии фанҳоро баланд бардоранд. Дар баробари ин, сатҳу сифати таълими фанҳо мавриди назарсанҷӣ қарор гирифта, дар асоси натиҷаҳои он бояд усулҳои фаъоли таълим ҷорӣ гардад ва маҳорати касбии омӯзгорон таҳким бахшида шавад.
«Дар ин лаҳзаҳо бахусус, ба ҷавонони даврони истиқлолият муроҷиат карда, таъкид намуданиям, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо — сулҳу суботи пойдор расанд, зиёдаравӣ накарда, шукронаи Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида, танҳо дар доираи қонун зиндагиву фаъолият кунанд, сатҳи саводу дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд», -даъват намуданд Президенти мамлакат.
1 сентябри соли 2018 пардабардорӣ аз руйи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт парда аз руйи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бардошта, дар таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.
«Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат сафарбар кардааст. Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани рушди илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои шуғлу варзиш маблағгузориро ба ин соҳаҳои афзалиятнок сол ба сол афзоиш медиҳад. Танҳо соли равон дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 150 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи 524 миллион сомонӣ барои 70 ҳазор нафар хонанда бунёд гардида, як қисми онҳо дар арафаи соли нави таҳсил ба истифода супорида шуданд ва қисми дигарашон то охири сол ифтитоҳ карда мешаванд»,- тазаккур доданд Сарвари давлат дар ин суханронӣ.
1 сентябри соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
«Омӯзгорони мо бояд меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшанд, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ зиёдтар талош намоянд, ба хонандагону донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст шарҳ диҳанд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд», -хотирнишон намуданд Роҳбари давлат.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки «падару модарон ба сифати нерӯи асосӣ ва фаъоли ҷомеа бояд ба таълиму тарбияи фарзандон зиёдтар аҳаммият диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва омӯзгорон тарбия карда, барои боло рафтани сатҳи ҷаҳонбиниву дониши наврасону ҷавонон саъю талош варзанд, завқи онҳоро ба китобхонӣ, донишандӯзӣ, забономӯзӣ ва варзиш зиёд гардонанд ва барояшон ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оваранд.
«Падару модарони муҳтарами мо бояд назоратчӣ набошанд, балки фарзандони худро тарбия кунанд ва барои ҳамчун инсони комил ба воя расонидани онҳо заҳмат кашанд. Ин кор танҳо вазифаи мактаб ва омӯзгор нест»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Иштироки Пешвои миллат дар оғози соли нави хониш дар солҳои 2020, 2021, 2022 ва 2023
1 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
1 сентябри соли 2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ карданд.
1 сентябри соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
1 сентябри соли 2023 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ намуда, бо аҳли маорифи мамлакат мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод мегардад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз