«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Дар Душанбе нахустин маротиба Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» бо ҷалби беҳтарин тарроҳони мамлакат нахустин маротиба Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар фестивал тарроҳи машҳури тоҷик Хуршед Сатторов ва ҳафт тарроҳи дигар либосҳои омоданамудаашонро пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар намоиш тарроҳон либосҳои қадимии миллӣ ва либосҳои миллии ҷашнию рӯзмарраро намоиш доданд.
Иброз гардид, ки фестивал бо мақсади рушди анъанаҳои хоси фарҳанги либоспӯшӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии он, ҳавасмандгардонии ҳунармандону тарроҳон ва эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ доир мешавад.
Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Рушди анъанаҳои хоси фарҳанги либоспӯшӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии он такмилдиҳандаи ҳавасмандгардонии ҳунармандону тарроҳон ва эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ мебошад.
Тавре 9 марти имсол Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин иброз намуданд, «бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб аз дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллатро халалдор месозад».
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат ҳамасола ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон ва мардон, риояи тарзи пӯшидани онҳо ва муаррифии либосҳои миллӣ чандин фестивал ва ҳамоиш, аз қабили «Ҷилваи рангҳо», «Сад ранги чакан», «Тоҷикона мепӯшем», «Либоси миллӣ» ва дигар барномаҳо доир мегарданд.
Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузоранд ва аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд






