Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад

Август 15, 2024 08:52

ДУШАНБЕ, 15.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ба рушди  ҳамкорӣ дар оянда, мубодилаи афкор ва таҷрибаи ҷавонони фаъол, инчунин дарёфти роҳҳои ҳали  масъалаҳои калидии сиёсати ҷавонон мусоидат менамояд.

Ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои форум ба тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ду давлат равона шудаанд.

Баргузории форум имконияти мусоид барои мубодилаи таҷриба, барқарор кардани тамосҳои нав ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак буда, дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон қадами муҳим мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2024 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад