Имрӯз дар шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад

Август 25, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад. Дар ин рӯз намоиш- фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар  ид кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва кадуро ба намоиш-фурӯш мегузоранд.

Иди тарбуз, харбуза ва каду бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон доир мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ имсол дар 23 ҳазору 632 гектар маҳсулоти полезӣ кишт гардидааст, ки аз он 18 615 гектар тарбуз ва 5019 гектар харбуза мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки то 1 август дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 565 ҳазору 310 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  19 ҳазору 281 тонна зиёд мебошад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат,  дар намоиш-фурӯш  навъҳои беҳтарини харбуза, тарбуз, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта мешаванд, ки меҳмонон ва сокинони пойтахт метавонанд аз он харидорӣ намоянд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Август 25, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад