Имрӯз дар шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад. Дар ин рӯз намоиш- фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар ид кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва кадуро ба намоиш-фурӯш мегузоранд.
Иди тарбуз, харбуза ва каду бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон доир мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ имсол дар 23 ҳазору 632 гектар маҳсулоти полезӣ кишт гардидааст, ки аз он 18 615 гектар тарбуз ва 5019 гектар харбуза мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки то 1 август дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 565 ҳазору 310 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 19 ҳазору 281 тонна зиёд мебошад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, дар намоиш-фурӯш навъҳои беҳтарини харбуза, тарбуз, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта мешаванд, ки меҳмонон ва сокинони пойтахт метавонанд аз он харидорӣ намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






