ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Кормандони ин соҳа ҷони худро дар хатар гузошта, дигаронро наҷот мебахшанд
ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 август Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аст. Ин сана ба рӯзи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 августи соли 1994 таъсис ёфтааст, рабт дорад.
Имсол ба фаъолияти ин ниҳод 30 сол пур шуд. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода ҳамсуҳбат шуд.
АМИТ «Ховар»: Имсол ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Дар бораи дастоварҳои кумита дар ин давра каме маълумот медодед.
Имомалӣ Иброҳимзода: Дар шароити мушкили буҳрони иқтисодии солҳои 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода, системаи таъсирбахши пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро ташкил намуданд. 17 августи соли 1994 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъсис ёфт ва дар 30 соли фаъолият ба неруи қудратманди низомӣ табдил ёфт.
Дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, ки аз тарафи мутахассисони Кумита омода гардида буданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.
Аз 1 марти соли 2012 дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шуд. Платформаи миллӣ ваколатҳои худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти худидоракунанда, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, бахшҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.
Давоми 30 сол Кумита ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гашта, баҳри ташаккул ва пешравии соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз 11 феврали соли 2016 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009 — 2014» ва баъдан «Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2034» ва «Барномаи миёнамуҳлати давлатии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи татбиқи он барои солҳои 2023-2025» қабул гардид.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028» қабул гардид. Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 дар асоси афзалияти калидӣ ва ҳадафҳои мақсадноки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034 ва бо дарназардошти муносибатҳои нави Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030, ки ба гузаронидани таваҷҷуҳ аз идоракунии офатҳои табиӣ ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани нақши омили гендерӣ ва ҳамгироӣ ба сиёсати иштироки бахши хусусӣ равона гаштаанд, таҳия шудааст.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки барномаи мазкур мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолият, инчунин воситаҳои амалисозии онро барои давраи миёнамуҳлат то соли 2028 муайян менамояд.
Дар робита ба ин, бояд ёдовар шуд, ки саҳми босазои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулода беназир мебошад.
АМИТ «Ховар»: Тавре ба ҳамагон маълум аст, имсол бо сабаби бориш ва гармии зиёд аҳолии бархе минтақаҳои Тоҷикистон зарар диданд. Кумита барои рафъи ҳолатҳои фавқулода ва кумак ба зарардидагон чӣ корҳоро ба анҷом расонид?
Имомалӣ Иброҳимзода: Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ 532 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ сабт шудааст, аз ҷумла 188 ҳодисаи селфароӣ, 156 ҳолати бориши борон, 77 ҳодисаи тармафароӣ, 35 ҳолати баландшавии сатҳи об, 33 ҳодисаи сангрезӣ, 18 заминларза, 14 ҳодисаи фаромадани ярч, 7 шамоли сахт ва 4 ҳолати раъду барқ сабт гардид.
Бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҷониби Кумита Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар давраи мавсими баҳору тобистони соли 2024 таҳия шуда, ба воҳидҳои сохтории вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии Кумита ирсол гардид.
Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои хавфнок ва минтақаҳое, ки эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулодаро доранд, ситодҳои доимӣ ва дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби кормандони ташкилоту корхона ва зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардид.
Соли 2024 115 машқи ғайринақшавӣ бо гузаронидани машқҳои махсуси тактикӣ дар мавзеъҳои хавфнок бо ҷалби 28 ҳазору 295 нафар аҳолӣ ва зиёда аз 759 техника гузаронида шуд, ки дар онҳо корҳои фоиданок дар мавзеъҳои хавфноки табиӣ амалӣ шуданд.
АМИТ «Ховар»: Барои пешгирии офатҳои табиӣ Кумита имсол дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон корҳои пешгирикунанда баргузор намуд?
Имомалӣ Иброҳимзода: Воҳидҳои сохтории вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии Кумита вазифадор шудаанд, ки бо ҷалби қувваю воситаҳои Низоми ягонаи давлатӣ гузаронидани машқҳои ғайринақшавиро дар мавзеъҳои хавфноки аҳолинишин ба роҳ монда, ҳамчунин корҳои тоза кардани каналҳо, селроҳаҳо, сойҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ташкил намоянд.
Дар шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар ҳудуди 4 ноҳияи шаҳр 8 маротиба машқҳои ғайринақшавӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо ҷалби қувва ва воситаҳои зернизомҳои ҳудудии ноҳия ва сохтору мақомоти шаҳрии ба ноҳияҳо вобаста гузаронида шуд. Ба чорабиниҳо 43 техникаи муҳандисӣ ва боркаш, инчунин зиёда аз 1070 корманд ва аҳолӣ ҷалб гардида, ба масофаи 6890 метр корҳо вобаста ба тоза намудани ҷӯйбору обравҳо, каналу селпартовҳо аз лою гил, партовҳо ва хору дарахтони худрӯй гузаронида шуд.
Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба тариқи ҳашарҳои дастҷамъона барои пешгирии офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарнок ҳамасола корҳои пешгирикунанда гузаронида мешаванд.
Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 22 июни соли 2024 тибқи нақшаҳои пешгирикунанда, 40 маротиба машқҳои тактикии махсус бо зернизомҳои Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби аҳолии шаҳраку деҳот ва ҷамоатҳо гузаронида шуд, ки дар ин чорабиниҳо 3841 нафар аҳолии ҷамоат, шаҳрак ва деҳот ба масофаи 207 113 метр каналҳо, селроҳаҳо, сойҳо ва заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда, дар 6818 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузарониданд.
АМИТ «Ховар»: Кумита барномаи мобилии «SOS» таҳия намудааст, ки яке аз муҳимтарин вазифаи он кумак ба аҳолӣ дар вазъияти фавқулода мебошад. Ба андешаи Шумо истифодаи ин барнома аз ҷониби сокинон дар кадом сатҳ қарор дорад?
Имомалӣ Иброҳимзода: Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барномаи мобилии «SOS» таҳия намудаанд, ки яке аз муҳимтарин вазифаи он кумак ба аҳолӣ дар вазъияти фавқулода мебошад. Ҳар дорандаи смартфони замонавӣ метавонад онро бар пояи системаи амалиётии «Android» ва «IOS» дар телефонаш насб намояд.
Ба касоне, ки ин барномаро насб менамоянд, дигар зарурати аз ҳар сомона посух ҷустан ба саволҳояшон доир ба ҳолатҳои фавқулода боқӣ намемонад, чун ин гуна маълумот ба онҳо ҳамеша ва хеле осон дастрас мешавад.
Замимаи мобилии «SOS» роҳи ҳалли ҳамаҷониба барои беҳтар намудани бехатарӣ ва омодагии одамон ба ҳолатҳои фавқулода мебошад. Ин барнома воситаи беҳтарин барои таълими асосҳои рафтори бехатар, вокуниши зуд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва дарёфти иттилооти муосир дар ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.
Хусусияти аслии ин маводи омӯзишӣ маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои бехатарӣ мебошанд, ки аз ҷониби коршиносони ҳолатҳои фавқулода таҳия шудаанд. Модулҳои омӯзишӣ барои расонидани иттилооти муҳим ба корбар ба осонӣ ва равшан тарҳрезӣ шудаанд.
Барнома дорои огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода, огоҳиҳои фаврӣ дар бораи тағйирёбии обуҳаво ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ дар минтақа мебошад.
Ин барнома барои нафарони дорои синну соли гуногун бо забони хеле дастрас ва сода тарҳрезӣ шудааст. Таҳияи барномаи мобилӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ «Лоиҳаи баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» амалӣ шуд.
АМИТ «Ховар»: Дар мавриди ҳамкории Кумита бо ташкилоти байналмилалӣ чӣ маълумот дода метавонед?
Имомалӣ Иброҳимзода: Кумита дар самти вусъат бахшидани ҳамкории созандаву судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ва шарикони рушд пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Чунончӣ, дар заминаи ташаккули истиқлолияти давлатӣ робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамшарик ва тараққикардаи ҷаҳони муосир васеъ гардида, дар ин замина муносибатҳои байналмилалии Кумита низ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода рушд менамояд.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 роҳбарияти Кумита бо намояндагон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ, ташкилоти хориҷӣ ва дигар шарикони рушд барои тақвият бахшидан ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои табиӣ, баланд бардоштани иқтидори техникии воҳидҳои наҷотдиҳӣ ва дигар сохторҳои Кумита 26 маротиба вохӯрӣ анҷом доданд.
Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ, бозомӯзӣ, такмили малакаи кормандон ва омӯхтани таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 маротиба даврҳои омӯзишӣ ва семинару тренингҳо баргузор гардида, дар онҳо 64 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита иштирок намуданд.
Бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода якчанд санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба имзо расонида шуданд. Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори дахлдори Шоҳигарии Британияи Кабир дар соҳаи идоракунии хавфи офатҳо, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори марбутаи Давлати Кувайт дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, бо Идораи федералии ҳифзи шаҳрвандӣ ва ёрии офатҳои Ҷумҳурии Федеративии Германия, бо Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ ва бо Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода ба имзо расидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки бо дастгирӣ ва ҷалби маблағгузории давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилоти маблағгузор заминаҳои моддию техникиро таҳким бахшида, шароити корро беҳтар намояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»