ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи нафту газ тақвият мебахшанд

Август 23, 2024 18:24

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи нафту газ густариш медиҳанд. Далели ин ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад, ки 22 август дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ба имзо расид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳадафи имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон муайян намудани шартҳои ҳамкорӣ байни Тарафҳо дар соҳаи иктишоф, истихроҷ, минтақаҳои нафту газ, интиқоли нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар асоси ин санад ҳамкории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҷустуҷӯ, истихроҷи минтақаҳои нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои ба ҳамдигар судманд амалӣ шуда, масъалаи таҳвили нафти хом, маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба принсипҳои баробарӣ ва фоидаи мутақобил асос ёфта, бо роҳи бастани шартномаҳо байни ширкатҳо ва субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистон ва Қазоқистон ва бо риояи қонунгузории амалкунандаи миллии ҳарду ҷониб татбиқ карда мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 23, 2024 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад