ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 3,1 миллион амалиёти пардохти андозҳо ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ қабул гардида, тибқи он тадбирҳо андешида шуданд. Дар ин самт бо 19 бонки асосӣ «Оид ба тариқи ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ» созишномаҳо ба имзо расонида шуда, барои бо дигар ташкилоти қарзии молиявии хурд ба имзо расонидани чунин созишномаҳо чораҷӯӣ мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод.
Нусратулло Давлатзода иброз дошт, ки барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд. Дар шашмоҳаи якуми имсол тавассути пос-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 3,1 миллион амалиёт оид ба тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани андозҳо ва боҷҳо ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 82 миллион сомонӣ гузаронида шуд.
Дар ин давра шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳояшонро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 9,5 ҳазор адад зиёд шуда, дар натиҷа беш аз 175 ҳазор субъекти хоҷагидор эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, ки 70 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин ба ҳолати 1 июли имсол барои андозсупорандагону шаҳрвандон 43 хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ пешниҳод гардида, ташкили чунин хизматрасониҳо ба содаю осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии субъектҳои хоҷагидор ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат менамояд.
«Ҳамзамон барои рақамикунонии мақомот ва ташкили ҳамкорӣ дар сатҳи замонавӣ солҳои охир байни Кумитаи андоз, Вазорати молия, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии омор, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва якчанд мақомоти дигари давлатӣ созишномаҳо ба имзо расонида шуда, бо назардошти ташкили махзанҳои маълумот ва имконияти техникии вазорату идораҳо додугирифти маълумот дар шакли электронӣ қисман ба роҳ монда шуд. Барои тақвият бахшидани корҳо дар ин самт ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ чораҷӯиҳо идома доранд»,-гуфт Нусратулло Давлатзода.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






