Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 4901 гектар шолӣ кишт намуданд

Август 25, 2024 17:00

ТУРСУНЗОДА, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони шаҳри Турсунзода имсол майдони кишти шолиро васеътар намуда, дар 4 ҳазору 901 гектар шолӣ кишт ва ҳосилнокии онро боз ҳам афзун намуданд.

Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Ҷаҳонгир Равшанзода ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки “кишоварзони шаҳр дар 1095 гектар замини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ асосан навъҳои шолии «Лазер» ва «Юбилейный» кишт намуданд. Дар кишти такрорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3811 гектар шолии хушсифат кишт шудааст, ки ҳоло давраи ғизодиҳии он идома дорад”.

Шоликорӣ дар шаҳри Турсунзода яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Деҳқонони шаҳр дар танзими нархи биринҷ дар бозорҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд. Деҳқонон бо меҳнати ҳалол истеҳсоли шолиро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамин аст, ки имсол дар кишти такрорӣ ба ҷойи 3150 гектар нақшаи кишти шолӣ дар 3811 гектар шолӣ кишт шуд. Дар айни замон нашъунамои шолизор хуб буда, ҳамаи заминҳо бо оби полезӣ таъмин мебошанд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, дар шаҳри Турсунзода бояд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 8950 гектар кишти такрории зироати ғалладонагӣ, шолӣ, полезӣ, сабзавот ва хӯроки чорво гузаронида мешуд.

Хушбахтона, кишоварзони шаҳри Турсунзода масъулият ҳис намуда, барои самаранок истифода намудани заминҳои корам дар 9274 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки 103,62 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Муофиқи ҳисоботи оморӣ, кишоварзони шаҳри Турсунзода давоми 7 моҳи имсол 32 041 тонна ғалладонагӣ, 10 053 тонна картошка, 82 130 тонна сабзавот, 1675 тонна маҳсулоти полезӣ, 2008 тонна меваҷот, 266 тонна ангур, 2648 тонна гӯшт, 11,6 тонна асал, 2,8 тонна моҳӣ ва 6028 тонна хӯроки чорво истеҳсол ва қисми зиёди онро ба бозорҳои ҷумҳурӣ содирот намуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад