Лоиҳаи Қарори Ҳукумат «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» дар баррасӣ қарор дорад

Август 4, 2024 08:49

ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» дар раванди мувофиқаи мақомоти дахлдори давлатӣ қарор дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.

Рушди ситруспарварӣ яке аз манбаъҳои  даромад ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат дониста шуда, бо амалӣ гардидани ин барнома нархи меваи ситрусӣ дар бозорҳои истеъмолӣ паст гардида, он ба  таъсиси ҷойҳои нави корӣ  ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

Тавре профессор Саидалӣ Гулов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, «мо бояд аз захираҳои беҳамто, иқлим, хоку об ва неруи пуриқтидори истеҳсолии мамлакатамон ба таври зарурӣ  истифода барем. Дар истеҳсолоти кишоварзии имрӯза яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ- ин ситруспарварӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, бояд шароити истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулот дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бо назардошти имконоти моддию маънавӣ ва хоҷагидорӣ муайян карда шавад. Зарур аст, ки дар шароити ҳозира  даромад аз ҳаҷми маҳсулоти умумиро аз ҳар гектар баланд бардошта, роҳи рушди истеҳсолоти кишоварзиро таъмин намоем. Дар ин ҷода метавон ба афзун гардонидани меваҳои ситрусӣ такя кард. Барои амалӣ гаштани ин корҳо дар ҷумҳурӣ имконоту шароити зарурӣ мавҷуд аст».

Ба гуфти мутахассиси соҳа, боғдорӣ шуғли асосии тоҷикон ба шумор меравад. Идомаи корҳои боғдории ниёгони хешро ҳоло дар парвариши растаниҳои ситрусӣ, хусусан дар хандақ рӯёнидани онҳо мебинем, ки солҳои 30-юми асри гузашта олимони Тоҷикистон ба он асос гузошта буданд. Баъдан ин усули парвариши растаниҳои ситрусӣ дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ривоҷ ёфт. Олимони тоҷик бунёдгузори усули дар хандақҳо парвариш кардани растаниҳои ситрусӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд.

Парвариши растаниҳои ситрусӣ бештар дар вилояти Хатлон ба роҳ монда шуда, заминаи асосии истеҳсоли меваҳои ситрусӣ водии Вахш ба ҳисоб меравад. Мушкилоти асосӣ барои рушди соҳа ин аст, ки  парвариши навъҳо нигоҳубин ва таваҷҷуҳи махсус талаб менамояд. Растаниҳои ситрусӣ рӯшноидӯст ва гармидӯст буда, ба хунукӣ  тобовар нестанд.

Сайдалӣ Гулов иброз намуд, ки Тоҷикистон ватани меваҳои субтропикӣ аст. Бояд кишоварзон аз имконияти мавҷуда самаранок  истифода намуда, ба боло бурдани ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулот  мусоидат намоянд. Меваҳои ситрусие, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбанд, аз ҷиҳати маззаю хушбӯӣ ва сифатнокӣ дар ҷаҳон ҳамто надоранд.

Лимӯи Тоҷикистон яке аз меваҳои содиротии мамлакат буда, онро метавон чун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш нисбат ба меваҳои воридотӣ хуштаъм буда, бартарӣ дорад. Азбаски онҳо энергияи Офтоб ва ғизои заминро хуб қабул намуда, аз ҷиҳати экологӣ тозаанд, зуд харидор пайдо мекунанд.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин  таъкид намуд, ки «водии Вахш, мавзеъҳои поёноби дарёи Кофарниҳон, водии Ҳисор, вилояти Суғд ва  ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои амалӣ намудани ин корҳои муҳим хеле мувофиқ мебошанд. Дар водии Вахш ҳазорҳо гектар замини талу теппаро метавон барои зиёд кардани истеҳсоли меваҳои субтропикӣ (хурмо, анор, бодом, анҷир) истифода бурд, ки дар байни онҳо ҷойи намоёнро ситруспарварӣ ишғол менамояд. Ба чунин минтақаҳо ҳамчунин водиҳои Данғараю Ёвонро низ дохил намудан зарур аст».

Дар бораи ривоҷ додани ситруспарварӣ дар  Тоҷикистон ҳанӯз солҳои то замони соҳибистиқлолӣ қарорҳои дахлдор қабул шуда буданд. Аммо аксари ин қарорҳо амалӣ нагаштанд. Ҳол он ки ситруспарварӣ метавонад ба пешрафти соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ мусоидат кунад. Дар сурати хуб ба роҳ мондани ситруспарварӣ ва маблағгузории мақсаднок соҳа даромади софи зиёд ба даст оварда метавонад. Аз тарафи дигар, метавон бо ин роҳ иқтисодиёти кишоварзии водиҳо, алалхусус водиҳои шароиташон барои боғдории субтропикию ситруспарварӣ мувофиқро ривоҷ дод.

Тавре қаблан иттилоъ додем, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Маъруф  Қаюмов дар замини наздиҳавлигиаш дарахти банан парвариш намуд, ки айни замон ҳосили сеюми онро ҷамъоварӣ мекунад.

Ба гуфти Маъруф Қаюмов, ӯ дарахтонро аз Узбекистон барои таҷриба оварда,  парвариш намуд ва ду сол боз ҳосил ҷамъоварӣ менамояд.

Дарахти банан дар гармхона парвариш мешавад. Дар сардиҳои зимистон ҳарорати гармхона рӯзона 28 дараҷа ва шабона 18 дараҷа гарм нигоҳ дошта мешавад. Дарахти банан дар як сол 3-4 маротиба ҳосил медиҳад. Дар гармхона ду навъи банан- ҳаҷман калон ва хурд парвариш мешаванд, ки ҳар дарахт то 200 дона банан ҳосил медиҳад. Иқлими ноҳияи мо барои парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ аст»,-гуфт Маъруф Қаюмов.

Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлиаш на танҳо банан,  балки папаяи  африқоӣ низ парвариш кардааст. Ҳамчунин нақша дорад, ки  ананас парвариш намояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 4, 2024 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаласа баргузор шуд
Дар Брюссел ҳамкории Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи андоз баррасӣ гардид
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Дар Конфронси ФАО дар Душанбе тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин баррасӣ шуд
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд
Жанна Исина: «Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Душанбе мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият медиҳад»
Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҷаласаи канорӣ оид ба татбиқи ҳуҷҷати «равиши ягонаи саломатӣ» баргузор шуд
Мудири кулли ФАО Тсюй Дунъюй: «Ба Президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 35-уми минтақавии СММ изҳори миннатдорӣ менамоям»
Беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ: натиҷаҳои мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои Чин дар Пекин
Дар Душанбе модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш баррасӣ гардид
Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд

Маводҳои таҳлилӣ