Мақомоти Судон ба таври расмӣ авҷгирии бемории ваборо эълон намуданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустии Судон Ҳайсам Муҳаммад Иброҳим рӯзи шанбе ба таври расмӣ якбора авҷ гирифтани бемории ваборо дар ин давлат эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа».
«Таҳлили озмоишгоҳии исҳоли обӣ дар Озмоишгоҳи тандурустии ҷамъиятӣ тасдиқ кард, ки ин аломати бемории вабо аст», — ишора шудааст дар изҳороти вазир.
Изҳорот ба тезӣ баъди он пахш шуд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки дар Судон аз бемории вабо 316 нафар фавтидааст.
Сухангӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Маргарет Харрис рӯзи ҷумъа гуфт, ки дар Судон 11 327 ҳодисаи бемории вабо ва 316 фавт сабт шудааст, инчунин афзоиши бемориҳои табларзаи денге ва менингит сабт шудааст.
Вай инчунин иброз намуд, ки тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумораи воқеии гирифторони бемории вабо аз маълумоти имрӯза зиёдтар аст.
Аз миёнаҳои апрели соли 2023- замоне, ки даргириҳои мусаллаҳона байни неруҳои мусаллаҳи Судон ва қӯшунҳои ҳарбии Неруҳои амалиёти фаврӣ авҷ гирифтанд, дар кишвар бемориҳои эпидемиявӣ, ба мисли вабо, вараҷа, сурхак ва табларзаи денге паҳн шуданд, ки дар натиҷа садҳо нафар фавтиданд.
Тибқи маълумоти охирини Созмони Милали Муттаҳид, даргириҳо байни артиши Судон ва Неруҳои амалиёти фаврӣ сабаби фавти 16 650 нафар шудаанд. Ҳоло 10,7 миллион нафар дар Судон аз хонаҳои худ ба дигар минтақаҳо рафта, 2,2 миллион нафари дигар дар кишварҳои ҳамсоя сарпаноҳ меҷӯянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






