Масъалаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Кӯлоби Тоҷикистон ва Ҳамадонии Эрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар вилояти Ҳамадони Эрон бо раиси вилоят Алиризо Қосимӣ Фарзод мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон зарурати фаъол гардонидани робитаҳои гуногунҷанба байни вилоятҳои ду мамлакат, аз ҷумла Хатлони Тоҷикистон ва Ҳамадонии Эронро таъкид намуданд.
Алиризо Қосимӣ Фарзод зарфият ва тавонмандиҳои вилояти Ҳамадонро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, металлургия, тиб, фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид карда, омодагии фаъолони иқтисодии вилоятро барои табодули таҷриба байни мутахассисон, баргузории чорабиниҳои муштараки иқтисодиву тиҷоратӣ ва густариши ҳамкории дуҷониба изҳор намуд.
Зимни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои фаъол намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Ҳамадон ва Кӯлоб баррасӣ гардида, шахсияти ориф ва мутафаккири бузург Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ба унвони ҳалқаи пайванди ин ду шаҳри бостонӣ таъкид гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






