МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҷуворимакка зироати пурқимати хӯрокворӣ барои инсон мебошад
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли ҷуворимакка иммунитетро баланд, рӯдаҳоро тоза, миқдори холестеринро паст намуда, бемории дилро пешгирӣ мекунад. Ҷуворимакка фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар намуда, бо вазни зиёдатӣ мубориза мебарад. Инчунин барои одамони гирифтори диабети қанд бехатар аст. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.
Ин маҳсулот ба бемориҳои асаб – депрессия ва эпилепсия фоида дошта, агар ба гирифторони ин бемориҳо аз пӯпаки ҷуворимакка нӯшоба тайёр карда диҳанд, манфиат мебахшад. Моддаи селен, ки дар таркиби ҷуворимакка мавҷуд аст, раванди пиршавиро суст карда, саратонро пешгирӣ менамояд.
Обҷӯши пӯпаки ҷуворимакка дар баробари пешобронӣ хусусияти пок намудани роҳҳои пешоб аз қум, сангҳо, беҳтар намудани таркиби кимиёии талхаро дошта, ҳамзамон хусусияти хунбандӣ низ дорад.
Таркиби донаҳои ҷуворимакка аз маводи фаъоли биологӣ бой аст, аз ҷумла дар таркиби он 19,5 фоиз сафеда, як қисмати аминокислотаҳои ивазнашаванда, 6,5 фоиз равған, 67 фоиз карбогидратҳо, флаваноилҳо ва витаминҳои В 1,2,3,5,6, Е, А мавҷуд мебошанд.
Ба гуфтаи ғизошинос, 100 грамм донаҳои ҷуворимакка барои бунияи инсон аз 300 то 393 килокалория неру ҳосил менамояд. Дар ин раванд истифодаи донаҳои ҷуворимакка барои бунияи инсон фоидаи калон дорад. Дар таркиби донаҳои ҷуворимакка витаминҳои гурӯҳи В ҳастанд, ки онҳо ҳам барои баланд бардоштани руҳияи инсон, ҳам барои мустаҳкам намудани масунияти бадан ва ҳам дар мубодилаи дохили бунияи инсон иштирок менамоянд. Дар тиб барои табобати беморон асосан пӯпаки ҷувориро васеъ истифода мебаранд. Онро ҳамчун талхарон, пешоброн, барои хориҷ намудани намакҳо аз бунияи инсон, ҳангоми бемориҳои талхадон, аз ҷумла холистестит, холангит, дискенизия ва тангшавии рагҳои талхагузар истифода мебаранд. Он маҷмуи кислотаҳои талхагиро зиёд месозад.
Равғани ҷуворимакка манбаи бениҳоят хуби шифоӣ аст. Таркиби он аз витамини Е бой аст. Ин витамин аз бебаҳотарин маводи зиддиоксидӣ аст. Равғани ҷуворимакка дар безарар гардонидани радикалҳои озоде, ки ҳуҷайраҳоро нобуд сохта, ҷараёни илтиҳобро дар бунияи инсон зиёд мекунанд, иштирок карда, ин радикалҳоро безарар мегардонад. Яъне, хусусияти зиддиоксидии бунияро афзоиш медиҳад.
Ба гуфти мутахассисон, ҳангоми истифодаи дамкардаи пӯпаки ҷуворимакка ба зиёдаравӣ роҳ набояд дод. Зеро аз сабаби хусусияти хунбастӣ доштан он метавонад ба гирифторони бемории дилу рагҳо зиёновар гардад. Яъне, ягон маводро бояд аз меъёр зиёд истифода накунем. Аз ин лиҳоз аз ҳисоби 1 грамм пӯпак ва 10 грамм об ё ин ки 10 грамм пӯпак ва 100 грамм обро бояд истифода бурд. Меъёри истифодаи он бо қошуқи ошхӯрӣ дар як рӯз аз 3 маротиба зиёд набояд бошад.
Ҷуворимакка зироати пурқимати хӯрокворӣ барои инсон ва чорво ба шумор рафта, аз дон, поя ва сӯтаи он зиёда аз 150 маҳсулоти гуногун тайёр менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






