Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо раванди баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Ҳисор шинос шуд

Август 26, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 август муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо шароити толорҳое, ки довталабон аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм, эҷоди наср санҷида мешуданд, шинос шуда, бо ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва падару модарон оид ба шаффофият ва риояи адолат дар баҳогузории озмун, инчунин  масъалаи ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва китобхонӣ суҳбат намуд.

Муовини Сарвазири мамлакат мақсади баргузории озмунҳоро, ки соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд, маънидод намуда, гуфт, ки бо мусоидати омӯзгорон ва падару модарон сол то сол сафи иштирокчиёни озмун бештар ва шумораи номинатсияҳо батадриҷ зиёд мегардад.

Ҳакамони озмун ва падару модарон дар баробари сипосу эҳтиром барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати озмун ба муовини Сарвазири Тоҷикистон якчанд пешниҳоду дархост баён доштанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 26, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад