НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро сатҳи масъулиятшиносии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» паст шудааст?!
ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нишасти матбуотии муштараки ҶСК «Барқи тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мухбири АМИТ «Ховар» пурсид, ки ба ҳамагон маълум аст, ки қатъи ногаҳонӣ ва беогоҳии барқ метавонад ба муштариён зарари калони молиявӣ расонад. Дар ҳолатҳои бе огоҳӣ ва ба таври ногаҳонӣ қатъ намудани интиқоли неруи барқ кӣ ҷавобгар мебошад ва кӣ зарари аз ин ҳисоб ба муштариён расидаро ҷуброн мекунад?
Менеҷери ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Бахтиёр Раҳматзода чунин изҳор кард: «Ин масъаларо мо дида мебароем, нисбат ба масъулине, ки бо айби онҳо чунин ҳолат ба амал омадааст, тадбирҳои зарурӣ меандешем. Дар ҳақиқат, ҳангоми пеш бурдани корҳои таъмирӣ ва омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ, масъулин бояд пеш аз қатъ кардани интиқоли неруи барқ ба воситаи радио ва телевизон аҳолӣ ва корхонаҳоро огоҳ кунанд ва иттилоъ диҳанд, ки кай ва ба кадом муддат интиқоли неруи барқ қатъ карда мешавад, то ба ин тартиб аҳолӣ ва корхонаҳо омодагӣ гиранд. Эроди АМИТ «Ховар» дуруст аст ва мо хатоиҳои худро ислоҳ мекунем».
Бояд гуфт, ки ин ҷавоби корманди масъули ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Бахтиёр Раҳматзода қонеъкунанда шуда наметавонад. Зеро бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки дар аксар корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо, ҳамчунин дар деҳаҳои гуногуни мамлакат, яъне муштариёни барқ, ки маблағи истифодаи онро саривақт пардохт менамоянд, новобаста ба фасли сол, хоҳ баҳору тобистон ва хоҳ тирамоҳу зимистон ба таври систематикӣ- беогоҳӣ интиқоли неруи барқ қатъ карда мешавад. Ба ибораи дигар, фарҳанги корбарии мутасаддиёну кормандони ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳия ва минтақаҳо ташвишовар мебошад. Дар асри 21 зиндагӣ карда, бе огоҳӣ ва худсарона қатъ кардани интиқоли неруи барқ воқеан ҳам бояд ҳамчун мушкили ҷиддӣ қабул карда шавад.
Зимнан, дар сохтори ширкати энергетикии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» давоми солҳои охир тағйироти сохторӣ ба амал омада, имрӯз ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар баробари ҶСК «Барқи тоҷик» ба истеҳсоли неруи барқ, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои тақсимоти барқ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, коҳиш додани талафоти неруи барқ, ҷамъоварии дурусти маблағҳо, таъмини интиқоли босифати неруи барқ машғул ҳастанд. Албатта, ҳадаф аз тағйироти сохторӣ беҳтар намудани фаъолияти корӣ дар ин соҳаи муҳими мамлакат мебошад. Мутаассифона, то ҳоло ягон таҳлили муфассал аз натиҷаҳои тағйироти сохторӣ пешниҳод нашудааст, вале тавре таҷрибаи рӯзгор ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, пешравиҳо хусусан дар самти таъминоти барқ ба муштариён хоҳ ба иншооти таъиноти гуногун ва хоҳ ба аҳолӣ ба назар намерасанд.
Дар нишасти матбуотии имрӯзаи ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Барқи тоҷик» барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2024 пешниҳод шуданд.
АМИТ «Ховар» бо назардошти муҳим будани мавзуъ тасмим гирифтааст оид ба истеҳсол, интиқол, тақсимот ва фурӯши неруи барқ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 таҳқиқоти журналистӣ гузаронад.
А.САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад






