НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сангвор нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 101 фоиз иҷро гардид
САНГВОР, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода иброз намуд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳи соли 2024 ба 92,8 миллион сомонӣ баробар гардид. Аз ин 34,5 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 26,8 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 5,5 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 26 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд. Ҳамчунин нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар шашмоҳаи аввали имсол ба андозаи 9 миллиону 799 ҳазору 500 сомонӣ таъмин гардид, ки ин ба 101 фоизи нақша баробар мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Амонатбонк» дар ноҳияи Сангвор ба 103 корхонаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизмат мерасонад, ки шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ дар ноҳия ба 5 ҳазору 862 нафар расидааст.
«Амонатбонк» баҳри рушди соҳаи кишоварзию соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳо дар шашмоҳаи аввали имсол ба сокинони ноҳияи Сангвор ба маблағи 2 миллиону 972 ҳазору 216 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок додааст, ки ба зиндагии шоистаи сокинон мусоидат менамояд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






