НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳринав кӯдакистони №2 барои 300 кӯдак навсозӣ мешавад

Август 3, 2024 17:00

ШАҲРИНАВ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Шаҳринав соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 8 ҳазору 321,5 гектар кишти зироати кишоварзӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, дар 4832,8 гектар ғалладонагӣ, дар 927,2 гектар зироати техникӣ, дар 300 гектар пахта, дар 264,7 гектар кортошка, дар 1015,3 гектар сабзавот ва дар 348,4 гектар зироати хӯроки чорво кишт шуд. Хушбахтона, кишоварзони ноҳия дар ин давра 8441,8 тонна ғаладонагӣ, 4769,8 тонна картошка, 21724,5 тонна сабзавот, 3276,7 тонна мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Дар ин давра кишоварзони ноҳияи Шаҳринав ба хориҷи мамлакат ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 5 ҳазору 31 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 276 тонна зиёд мебошад. Ин матлабро Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Тавре дар нишасти матбуотӣ изҳор гардид, бо мақсади беҳтар намудани вазъият ва иҷрои талаботи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар назди 40 муассисаи таълимии ноҳия 1360 нафар кӯдакони 5-6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин ба хотири амалӣ гардонидани ин барнома аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умар Кремлёв дар айни замон сохтмони кӯдакистони №2-и ноҳия бо маблағи 15 миллион сомонӣ барои 300 кӯдак қариб ба анҷом расида, дар оғози соли нави таҳсил мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷети ноҳия 34 миллиону 880 ҳазору 620 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 716 ҳазору 909 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 24 миллиону 924 ҳазору 619 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид карда шуд. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ноҳияи Шаҳринав 1 миллиону 722 ҳазору 478 сомониро ташкил медиҳад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд