НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол талаботи сокинони Тоҷикистон ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ бештар гардид
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ бо таносуби бештар аз рӯи арзиш ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 15,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 17,5 фоиз, қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4,9 фоиз, сабзавот ва картошка 5,3 фоиз ва равғани растанӣ 4,4 фоиз афзалият дорад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иттилоъ дод.
Ҳамчунин иброз гардид, ки аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти гӯштӣ 6,2 фоиз, аз ҷумла гӯшти гов 9,7 фоиз ва гӯшти гӯсфанд 7,4 фоиз баланд шудааст.
Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маводи бинокорӣ- 29,1 фоиз, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо- 11,4 фоиз, газворҳо- 8,8 фоиз, асбоби барқӣ- 4,6 фоиз рост меояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






