НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб зиёда аз 182 миллион сомонӣ маблағи қоидавайронкунии молиявиро барқарор намуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 182 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағи қоидавайронкунии молиявӣ барқарор карда шуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бо мақсади таъмини арзёбии саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки воситаҳои давлатӣ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ аз ҷониби аудиторони Палатаи ҳисоб 67 чорабинии аудиторӣ гузаронида шуда, қоидавайронкунии молиявӣ ба маблағи 183 миллиону 900 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 87 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкунии молиявӣ ба маблағи 182,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 114,1 миллион сомонӣ, ба корхонаҳо 44,4 миллион сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 24 миллион сомонӣ барқарор шуд, ки 99,2 фоизро ташкил медиҳад.
Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 14 хулоса ва мактубҳои ахборӣ бо 508 тавсияи судманд ирсол шуда, аз баррасии онҳо 22 қарору фармон қабул гардид.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт






