ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар ноҳияи Ашт 3 километр роҳ мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд мумфаршкунии 3 километр роҳи кӯчаи ба номи Шарифҷон Мараҷабови деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дарозии роҳ 3 км ва паҳнои он 6 метр буда, бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфарш мегардад. Фармоишгари корҳо соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон буда, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фурсат» мебошад. Хароҷоти умумии мумфаршкунии роҳ зиёда аз 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб ба онҳо изҳори сипос намуд. Иброз шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳия корҳои ободониву мумфаршкунии роҳҳо идома дошта, то имрӯз беш аз 60 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш шудаанд.
Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм мегузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






