Олимони Қазоқистон бо фаъолияти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ ва Институти кимиё шинос гардиданд

Август 21, 2024 16:25

ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони Қазоқистон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат масъулон меҳмононро бо самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳҳои институт шинос намуданд. Ҷонибҳо баҳри беҳбуд бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ байни институтҳои самти биологию кишоварзӣ ҳамкории судмандро ба нақша гирифтанд.

Инчунин меҳмонон бо пойгоҳи моддию техникии Озмоишгоҳи бехатарии биологии институт ва аз озмоишгоҳи нави биотехнологӣ шинос шуданд.

Олимони Қазоқистон инчунин ба Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин омада, бо самтҳои фаъолияти институт шинос шуданд. Дар мулоқот бо кормандони институт ҳамкорӣ барои беҳбуд бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баррасӣ гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 21, 2024 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид