ОМОДАГӢ БА СОЛИ ХОНИШ. Дар Суғд ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид

Август 28, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 28.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии гурӯҳи ниёзманди ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, бобати таҳсил намудану  соҳибкасб шудани наврасон тамоми шароитро фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба ятимон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гардидани онҳо тамоми имконият ва шароити заруриро фароҳам намудаанд. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ба 70 нафар хонандагони муассисаҳои шаҳри Бӯстон, 100 нафар аз шаҳри Гулистон, 160 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 80 нафар аз ноҳияи Айнӣ, 160 нафар аз шаҳри Хуҷанд ва ба 113 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан, ки бо ҳукми тақдир ятим мондаанд, аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид.

Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат бо хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва муҳассилине, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат гурӯҳи ниёзманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд. Бинобар ин, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа бояд ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис накунанд ва бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат таҳсил карда, соҳиби касб шаванд.

Таъкид гардид, ки рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти он ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳа тадбирҳои амиқу пурсамар андешида, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Наврасон миннатдории худро барои ғамхориҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, ваъда доданд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм менамоянд ва дар пешрафти Ватан саҳми назаррас мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ҳисор низ ба 50 нафар ятимони кулл сару либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 28, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид