Ҷонибек Ҳикмат ба Деннис Фрэнсис барои ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос намуд

Август 28, 2024 10:17

ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 август Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид  Ҷонибек Ҳикмат бо Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни мулоқот оид ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор доир шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ  бинобар ба итмом расидани ваколати Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат  ба Деннис Франсис барои ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла Рӯзи байналмилалии морхӯр, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Раванди оби  Душанбе изҳори миннатдорӣ карда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно намуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Август 28, 2024 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна