Пагоҳ дар Душанбе Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор мешавад

Август 6, 2024 15:08

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 7- 8 август дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар доираи ин ҷаласа Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» корманди Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Аҳмадҷонова иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» 8 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Дар доираи баргузории ин чорабинӣ, саёҳати меҳмонон-иштирокдорони ҷаласа ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон иҷро менамояд ва ба рушди минбаъда ва такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Бойгонӣ яке аз қисмҳои таркибӣ ва ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ ва манбаи асосии нигоҳдории далелҳои ҳуҷҷатӣ мебошад, ки далелҳои раднашавандаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ифода менамоянд. Ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳо маҳфузбуда ҳамчун хазинаи гаронбаҳо ва ифодакунандаи воқеаҳои таърихӣ аз насл ба насл гузашта, ба сифати далелҳои боэътимод хизмат менамоянд.

Самти фаъолияти бойгонӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳо буда, моҳияти бойгонӣ таъмини ҷомеа бо иттилооти тарҷеҳист.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ дош­тани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо», ташкилоту идораҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, вазифадор шудаанд, ки бо гузашти муҳлатҳои дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштан, ҳуҷҷатҳояшонро ба бойгониҳои байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳру ноҳияҳо ва бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ супоранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

 

Август 6, 2024 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд