Президенти Қазоқистон бо Сарвазири Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, ки бо сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд.
Ҷонибҳо муҳимтарин масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвияти ҳамгироӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот иброз гардид, ки соли 2023 байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 39 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки дар тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи ҳарду давлат нақши муассир мегузоранд. Дар маҷмуъ муносибатҳои ҳарду давлатро беш аз 150 санади ҳамкорӣ ба танзим медарорад.
Таъкид карда шуд, ки Қазоқистон барои Тоҷикистон яке аз давлатҳои шарики стратегӣ дар минтақа маҳсуб ёфта, дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон соли 2023 бо ҳиссаи 13,8 дарсад дар зинаи чорум қарор гирифт.

Соли 2023 мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон беш аз 1 миллиард долларро ташкил намуд. Ҳарду давлат тасмим гирифтаанд, ки ояндаи наздик ин нишондиҳандаро то ба 2 миллиард доллар расонанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон қариб 80 корхонаи муштарак фаъолият дошта, дар Қазоқистон ҳам чунин корхонаҳо бо иштироки сармоягузорони тоҷик мавҷуд мебошад.
Барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинишуда байни ҳарду давлат имконияти фаровон мавҷуд аст, ки аснои мулоқот ҷонибҳо истифодаи мақсадноки онро зарур шумориданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






