Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар консерти устодони санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон «Шоми дӯстӣ» иштирок намуданд

Август 8, 2024 21:07

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /НИАТ «Ховар»/. 8 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок намуданд.

Аҳли фарҳангу санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барномаи бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва равобити некро дар баромадҳои худ ба таври шоиста тараннум ва пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ карданд.

Барномаи муштараки рангини консертии “Шоми дӯстӣ” хеле дилписанду фараҳбахш доир гардид ва меҳмонони олимақом ба ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангу санъат баҳои баланд доданд.

Август 8, 2024 21:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон ворид шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Теҳрон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелянро ба ҳузур пазируфтанд