«Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Ширкати миллии Қазоқистон темир жоли» ҳамкориро таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан ва логистика таҳким мебахшанд. 22 август дар Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии «Ширкати миллии Қазоқистон темир жоли» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки ҳадафи Ёддошти ҳамкорӣ муайян намудани самтҳо ва шартҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан ва логистика дар доираи салоҳияти тарафҳо мебошад.
Ҷонибҳо барои татбиқи ин ёддошт тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкории мутақобили судманд анҷом медиҳанд.
Дар асоси ин санад ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкории мутақобилан судмандро дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтиром, боварӣ, ҳамфикрӣ ва нафъи тарафайн дар соҳаи логистикаи нақлиётӣ тақвият диҳанд. Инчунин дар доираи фаъолият ва манфиатҳои муштарак тамоми масъалаҳоро самаранок ҳал намоянд.
Инчунин ҷонибҳо дар доираи татбиқи Ёддошти ҳамкорӣ мубодилаи иттилооти марбута ва пешниҳодҳоро татбиқ менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд






