Шарикони рушд дар барқарорсозии роҳу пулҳои аз офатҳои табиӣ зарардида кумак менамоянд

Август 23, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми Гурӯҳи кории Кумитаи ҳамоҳангсози донорҳо таҳти сарпарастии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ-Вазорати молия, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дафтари Бонки Осиёии рушд (ADB) дар Тоҷикистон, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (WB), Иттиҳоди Аврупо (EU), Бонки исломии рушд (IDB), Бонки аврупоии рушд ва тараққиёт (EBRD), Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (EFSD) ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва зарари бар асари ин офатҳо ба иншооти роҳу нақлиёт расида, барқарорсозии роҳу пулҳои зарардида ва роҳҳои пешгирӣ аз чунин офатҳо баррасӣ гардид. Дар натиҷаи офатҳои табиие, ки нимаи якуми имсол дар ҷумҳурӣ рух доданд, 152,4 километр роҳҳои автомобилгард, 19 пул бо дарозии умумии 704 метр ва 10 қубури обгузар қисман ва пурра хароб гардидаанд.

Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ барои ҳамкорӣ ва дастгирии вазорат дар барқарорсозии роҳу пулҳои зарардида изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла, намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ((JICA) изҳор дошт, ки барои барқарор сохтани пулҳои зарардида, ки аҳамияти аввалиндараҷа доранд, кумак мерасонад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 23, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад