СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
ДУШАНБЕ, 30.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои расидан ба саодати миллӣ ва зиндагии шоиста моро зарур аст, ки фаъолиятамонро дар доираи қонун ба роҳ монем. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 баргузор гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш кормандони масъули Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи танзими анъана ва ҷашну маросим ва Агентии хизмати давлатӣ сухан гуфтанд.
Баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кормандон дар самти муқовимат ба коррупсия, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш буд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба заминаҳои ҳуқуқии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки дар ин муддат якчанд қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва се стратегия қабул гардид, ки барои коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар мамлакат заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд. Инчунин моддаҳои кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ, ки ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ нигаронида шудаанд, тафсир гардиданд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки ин қонун табиати сирф миллӣ дошта, ба рушди ҷомеа, танзими ҳаёту фаъолияти ҳар сокини мамлакат, пешгирии хурофоту шуҳратпарастӣ, зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст. Таҳлили баргузории ҷашну маъракаҳо собит намуд, ки ғолиб омадани ҳирсу манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардидааст.
-Ҳадаф аз танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, агар аз як тараф ба низом даровардани иқтисодиёти оилаҳо бошад, аз ҷониби дигар дар меҳвари давлатсозӣ ва якдигарфаҳмӣ сарҷамъ намудани мардум аст,- иброз доштанд иштирокчиён. Таъкид гардид, ки маъракаҳо бояд дар доираи муқаррароти қонун гузаронида шаванд.
Дар ҳамоиш меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал тавзеҳ дода шуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






