СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ доир шуд

Август 15, 2024 15:38

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавзеҳи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон —  «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» вохӯрии масъулини  якчанд ниҳод бо сокинон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.

Вобаста ба мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шуд, ки тибқи талаботи моддаи 11-и ин қонун маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд.

Ҳамчунин маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ,  танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронида мешавад. Хатна бо розигии падару модар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Гузаронидани маъракаи ақиқа қатъиян манъ аст.

Ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд Фаридун Нуруллозода иброз дошт, ки «Қонун тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст».

Таъкид гардид, ки тибқи моддаи 12 қонуни мазкур  тӯйи домодию арӯсӣ бо на зиёда аз ду маърака ва давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад.

Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ мебошанд. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафҳо метавонанд ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй маблағи онро барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон ё барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хати об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо сарф намоянд.

Дар вохӯрӣ аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандон қонун дағалона вайрон шудааст, мисол оварда,  ҳозирин даъват шуданд, ки муқаррароти қонунро иҷро ва аз ҳама манфиатҳои шахсӣ боло донанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» низ маълумот дода шуд.

Тибқи талаботи моддаи 15-и қонун уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак муайяну мушаххас шудаанд, яъне падару модар бояд таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд, ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд, кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд, риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таъмин ва назорат карда, донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат кунанд, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд, ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд, дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ кунанд, ба гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии динӣ аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Август 15, 2024 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид