ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст

Август 13, 2024 08:00

13 августи соли 1937 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

***

13 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.

***

13 августи соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ бо навтарин технологияи аврупоӣ ба истифода дода шуд.

***

13 августи соли 2013 дар шаҳри Норак Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасоне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

***

13 августи соли 2020 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчукро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Соли 2020 дар Душанбе масоили ташкили низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.

***

13 августи соли 2022 бонки Эсхата» аввалин шуда дар Тоҷикистон ба муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон платформаи электронии савдои асъори NTP пешниҳод кард, ки дастрасии мустақимро ба Биржаи байнибонкии асъории Москва фароҳам меорад.

***

13 августи соли 2023 АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ дод, ки дар таърихи Замин моҳи июл чун моҳи аз ҳама гармтарин ба ҳисоб меравад, ки то ҳол чунин ҳолат сабт нашуда буд.

13 АВГУСТ:

Дар Тунис – Рӯзи занон.

***

Дар Замбия – Рӯзи ҷавонӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷӯрабой Охунов – оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъат, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1963).

 

Август 13, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид