Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар пойтахти Шоҳигарии Швейтсия – Стокголм Ҳафтаи ҷаҳонии об ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи ин чорабинии бошукуҳ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи намоишӣ ташкил намуд, ки дар он ташаббусҳои глобалии мамлакат, таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи об, захираҳои бойи гидроэнергетикии мамлакат ва натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни имсол дар Душанбе баргузор гардид, муаррифӣ шуданд.
Ҳафтаи ҷаҳонии об то 29 август идома меёбад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






