Тоҷикистон ва Ҷопон лоиҳаҳои татбиқшавандаро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) доктор Акиҳико Танака мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда дар мамлакат, бахусус навсозии роҳҳо, дастгирии соҳибкории хурд ва бахши кишоварзӣ, таъмини оби нӯшокӣ, муҳити зист ва тақвияти зарфияти инсонӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад






