Тоҷикистон ва Озарбойҷон мубодилаи таҷрибаро дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Набиев мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ ва технологияҳои рақамӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар доираи коммуникатсияҳои минтақавии нақлиётӣ, аз ҷумла афзоиши боркашонӣ тавассути Долони нақлиётии Миёна ва барқарорсозии парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Боку-Душанберо матраҳ намуданд.
Инчунин иштироки намояндагони бахши соҳавии Тоҷикистон дар иҷлосияи 29 Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку баррасӣ гардид.
Ҳамзамон доир ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкории соҳавии дуҷониба байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон табодули афкор анҷом дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






