Тоҷикистон ва вилояти Свердловск ҳамкории тиҷоратиро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 13.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7 август тавассути конфронси видеоӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин рушди ҳамкории тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русияро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати мамлакат.
Мусоҳибон иброз намуданд, ки иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургтарин минтақаи Русия ҳоло барои ҳамкории мутақобилан судманд ба қадри кофӣ истифода намешавад. Барои афзоиши гардиши мол, бахусус дар пасманзари дастурҳое, ки дар мулоқоти сарвазирон дар «ИННОПРОМ» баён шуданд, имконоти зиёди амалинашуда боқӣ мондаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи Намоишгоҳи XIV байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ», ки моҳи июли соли 2024 дар шаҳри Екатеринбург баргузор шуд, мулоқоти Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид. Натиҷаи он амалӣ намудани дастурҳо оид ба тақвият бахшидани алоқаҳои иқтисодӣ дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла байни минтақаҳо буд.
Зимни конфронси видеоӣ таъкид гардид, ки ҳамкории ду давлат дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла иштироки соҳибкорон дар намоишгоҳу ҳамоишҳо бояд фаъол карда шавад.
Тасмим гирифта шуд, ки сафари тиҷоратии соҳибкорони Урал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шавад. Ҳамчунин онҳо ба Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024», ки 24-26 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, даъват шуданд.
АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






