Ян Ҳуй: «Тоҷикистон хонаи дуюми ман аст»

Август 25, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ифтихори зодрӯзи олими бузург, файласуф, ҳакими тоҷик ва табиби ҳозиқи ҷаҳон Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиши идона баргузор гардид. Зимни он бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони хизматнишондодаи тибби мамлакат мукофоти соҳавӣ — нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим карда шуд.

Дар қатори беҳтарин кормандони соҳаи тибби мамлакат Ян Ҳуй (Yang Hui) — роҳбари намояндагии Маркази ҳамкории байналмилалии тиббии «Як камарбанд — як роҳ» низ бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.

Тавре Ян Ҳуй зимни суҳбат бо мо иброз намуд, ӯ ҳаргиз гумон надошт, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо чунин мукофот қадршиносӣ мешавад ва гирифтани он барояш ғайричашмдошт буд.

«Ногаҳонӣ будани мукофот арзиши онро дар пеши чашмам даҳчанд кард. Вақте ба ман аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ занг зада, гуфтанд, ки дар ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб даъват шудаам, каме дар ҳайрат мондам, вақте донистам, ки бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида мешавам, хеле ба ҳаяҷон омадам», — мегӯяд Ян Ҳуй.

Ян Ҳуй иброз намуд, «шодиву ифтихори ман боз аз он афзун гашт, ки аз зумраи шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ман нахустин ва ягона корманди соҳаи тиб мебошам, ки соҳиби ин мукофоти соҳавӣ шудаам».

Тавре маълум гашт, Ян Ҳуй беш аз 12 сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

Ӯ мегӯяд, ки «бори аввал- соли 2012 вақте ба Тоҷикистон бо барномаи давлатӣ дар соҳаи тиб ворид шудам, ҳеҷ гумон намекардам, ки ин мамлакат барои ман хонаи дуюм мегардад. Ман ончунон Тоҷикистон, обу ҳаво, табиат ва аз ҳама муҳим, мардумони онро дӯст доштам, ки акнун агар ба Ватани худ равам ҳам, зуд Тоҷикистонро ёд мекунам ва кӯшиш мекунам, ки зудтар баргардам. На танҳо ман, ҳамчунин аҳли оилаи ман низ Тоҷикистонро дӯст доштаанд ва ба мардуму табиати Тоҷикистон меҳр бастаанд. Ҳамин аст, ки духтари калониам имсол баъд аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ва гирифтани маълумоти олӣ ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон супорид».

Дар идомаи суҳбат Ян Ҳуй баён дошт, ки давоми 10 соли фаъолият дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба хулосае омад, ки барои беҳтар намудани ҳамкорӣ дар соҳаи тиб Маркази ҳамкории байналмилалии тиббии «Як камарбанд — як роҳ»-ро таъсис диҳад. Инак ду сол аст, ки ин марказ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе фаъолият дорад.

Дар ин муддат бо ташаббуси Ян Ҳуй ва Маркази ҳамкории байналмилалии тиббии «Як камарбанд — як роҳ» табибон аз Ҷумҳурии Мардуми Чин даъват шуда, шахсони барҷомонда ва маъюбро ройгон ташхис ва табобат менамоянд.

«Ба ман дар Тоҷикистон либосҳои зебои занону духтарон хеле писанд омад. Вақте занону духтарони тоҷик либосҳои миллӣ ба бар мекунанд, ман аз завқи баланд ба ваҷд меоям. Воқеан ҳам занону духтарони тоҷик зебоипарастанд, онҳо бо табъи хеле баланд, бо тарз ва услубе, ки дар дигарон нест, гулҳову рангҳои зеборо барои либосҳояшон интихоб мекунанд. Ман шубҳа надорам, ки ин табъ ва ин завқ табиатан хоси занону духтарони тоҷик мебошад. Ҳамин аст, ки ман ба либосҳои занону духтарони тоҷик ошиқ шудам ва минбаъд дар ҳамоишҳои идона либоси миллии тоҷикӣ мепӯшам. На танҳо либосҳои занону духтарони тоҷик, ҳамчунин ҳунарҳои олии кадбонуҳои тоҷик низ бароям писанд аст», — иброз дошт Ян Ҳуй.

«Шояд ҳамин муҳаббати ман ба онҳо бошад, ки ду сол инҷониб дар арафаи Рӯзи Модар дар маркази мо занону духтарони тоҷик ба таври ройгон аз ташхис ва табобат гузаронида мешаванд», — мегӯяд бо ханда Ян Ҳуй.

Дар интиҳои суҳбат Ян Ҳуй илова намуд, ки ният дорад моҳҳои наздик аз Ҷумҳурии Мардуми Чин табибонро даъват намуда, кӯдакони то даҳсоларо, ки бемории сактаи дил доранд, ройгон аз ташхис ва табобат гузаронад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд