Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок намуд

Сентябрь 18, 2024 17:18

ДУШАНБЕ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ   Азиз Назар дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии  байналмилалии неруи атомӣ /АБНА/, ки дар Вена доир гардид, оид ба ҳамкории дуҷониба бо ин агентӣ дар соҳаҳои истифодаи сулҳҷӯёнаи фанновариҳои ҳаставӣ тибқи барномаҳои АБНА, тарҳҳои амалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, бахусус ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид  ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли  2025 баромад намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки Агентии байналмилалии неруи атомӣ ва давлатҳои аъзои он бо Тоҷикистон дар баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.​

Ҳамчунин аҳамияти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, корҳои анҷомшуда, мушкилот ва амалишавии иқдоми баъдӣ дар доираи Нақшаи стратегии умумии Агентии  байналмилалии неруи атомӣ доир ба солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ таъкид шуд.

 АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2024 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд