АМИТ «Ховар» бо Агентии давлатии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи мусоидат ба таҳкими робитаҳои иттилоотӣ муҳокима гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо оид ба таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар бахши иттилоот табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи иттилоот, хусусан ҳамкории агентиҳои иттилоотии давлатии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, инчунин масъалаи ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Саудӣ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо аз талошҳои муштарак барои таҳкими ҳамкорӣ, хусусан дар бахши воситаҳои ахбори омма ёдовар шуда, нақши агентиҳои иттилоотиро дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар таҳкими робитаҳои иттилоотӣ таъкид намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






