Ҷавонони синни даъватӣ бо ихтисоси мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн ба хизмати Ватан мераванд
ТУРСУНЗОДА, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои омода намудани ронандагони мутахассис дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯзҳо дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 нафар ҷавонони синни даъватӣ касби ронандагии дараҷаи «С» ва «С-акумуляторчӣ» мехонанд. Аз ин шумора 30 нафар аз шаҳри Турсунзода, 30 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 20 нафар аз ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамроҳ мегарданд. Дар ин хусус муовини сардори Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода Аъзам Саидзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки «аз ҳисоби ҳукумати шаҳри Турсунзода имрӯзҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 270 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз рӯйи касби мутахассис — ронандаи дараҷаи «С» дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр таҳсил доранд, ки дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳри Турсунзода нақши асосӣ доранд».
Роҳбарияти Мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки «тибқи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, дар фасли тирамоҳ аз ҳисоби Вазорати мудофиа 45 даъватшаванда аз шаҳрҳои Ваҳдату Роғун ва ноҳияи Файзобод дар давраи омӯзишӣ ҳамчун мутахассис- ронандаи мошинҳои гаронвазн хонда истодаанд».
Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 270 даъватшаванда имрӯзҳо касби ронандагӣ меомӯзанд, ки ҳамаи онҳо ба таври ихтиёрӣ ҳамчун мутахассис дар даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегарданд».
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, имрӯзҳо 421 нафар даъватшавандагон ба таври ихтиёрӣ барои пайвастан ба сафи Артиши миллӣ ба Камисариати ҳарбии шаҳр муроҷиат намудаанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






