Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ як зумра кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд

Сентябрь 3, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода доир ба мақому манзалати Истиқлоли давлатӣ сухан гуфта, нақши беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими истиқлоли миллӣ таъкид намуд.

Иброз гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат мардуми шарифи Тоҷикистон иду ҷашнҳои милливу давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд. Зеро истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили асосии рушду тараққӣ ва  ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Таъкид шуд, ки имрӯз дастовардҳои истиқлолияти тоҷиконро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро истиқлолият ҳамчун шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодату шуҷоат, ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксар давлатҳои олам шинохта шудааст.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра кормандон мукофотҳои соҳавӣ тақдим гардиданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид