Бахшида ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Машҳади Эрон нишасти илмиву адабӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи фарҳангии «Хирадсарои Фирдавсӣ» дар шаҳри Машҳад бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти илмиву адабӣ таҳти унвони «Биёрой рӯи заминро ба меҳр» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, дар нишаст намояндагони илм, адаб ва фарҳанги Машҳад ва вилояти Хуросони Разавӣ иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдат, таҳкими пояҳои Истиқлолият ва давлатдории миллӣ таъкид намуда, ташаккули фарҳанги тамомиёри миллиро дар Тоҷикистон яке аз самараҳои Истиқлолият қаламдод кард.
Донишмандони маъруфи эронӣ Муҳаммаҷаъфари Ёҳақӣ, Амир Илҳомӣ, Алиашрафи Шабистарӣ, Ризо Ашрафзода ва дигарон бо таъкид ба дастовардҳои азими Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият, рушди ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Эронро заминасози равобити дӯстиву шарикии ду давлати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг номиданд.


Дар идома аз ҷониби шоирони эронӣ Амир Шаҳло, Абӯтолиб Музаффарӣ, Мошоаллоҳ Халилӣ ва дигарон шеърҳо дар васфи Тоҷикистон ва дӯстии ду миллати тоҷику эронӣ қироат карда шуданд.
Наворҳои инъикоскунандаи зебоиҳо ва ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба иштирокдорони барнома давлати моро чун кишвари дорои зарфияти бузурги сайёҳӣ муаррифӣ намуданд.
Дар фарҷом шумораи 54-уми фаслномаи илмиву фарҳангии «Пож» рӯнамоӣ гардид, ки он ба дастовардҳои адабиёти муосири тоҷик дар даврони Истиқлолият ва хотираи ду донишманди барҷастаи Тоҷикистон – Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Худоӣ Шарифзода бахшида шуд.
Ҳамчунин китоби адабпажӯҳи номвари тоҷик Расул Ҳодизода – «Рӯдакии дур аз наздик», ки аз охирин навиштаҳои устоди зиндаёд буда, ахиран аз ҷониби «Хирадсарои Фирдавсӣ» ба нашр расидааст, ба иштирокдорон рӯнамоӣ гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон









Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол






